Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ сарбозони ятими кулл дар мавзеъҳои ҷолиби вилояти Суғд сайр намуданд
ДУШАНБЕ, 30.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 27 то 29 август бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва Бобоҷон Ғафуров сарбозони ятими кулл аз ҳисоби қисмҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба саёҳат баромаданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи баргузории ҳамоиш суҳбату мулоқот, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва саёҳат ба мавзеъҳои таърихӣ ташкил гардид.
Ҳадафи барномаю саёҳат аз баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, шиносоии хизматчиёни ҳарбӣ бо мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва қадршиносии сарбозоне, ки дар сафи Артиши миллӣ хизмат менамоянд, иборат буд.
Дар суҳбат бо сарбозон намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ ва Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иброз доштанд, ки ин иқдом дар ҳошияи ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардид. Пешвои миллат ба насли ояндасози мамлакат умеду боварӣ доранд ва аз ҷумла, зимни яке аз суханрониҳо иброз намуданд, ки «мо бо ҷавонони мамлакати худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд».
Дар доираи ҳамоиш сарбозон «Қасри Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров, осоишгоҳи табобатии «Баҳористон» ва дигар ҷойҳои фарҳангиву таърихиро тамошо намуданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






