Дар арафаи соли нави таҳсил маҷаллаҳои «Омӯзгор ва замон» ва «Омӯзгори муосир» аз чоп баромаданд
ДУШАНБЕ, 31.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба соли нави таҳсил шумораи аввали маҷаллаҳои «Омӯзгор ва замон» ва «Омӯзгори муосир» ба нашр расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф хабар доданд.
Маҷаллаҳо ҳар се моҳ бо теъдоди 100 нусха ба нашр расида, нусхаҳои электронии онҳо дар платформаи Системаи иттилоотии рушди касбии омӯзгорон (СИРКО) ва сомонаи Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиали Донишкада дар шаҳри Душанбе гузошта мешавад.
Ректори донишкада иброз намуд, ки донишкада ҳамаи фаъолиятро дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ намуда, дар ин давра ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Ин натиҷаву дастовардҳо маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ рӯйи кор омаданд ва ҳар шахс метавонад дар маълумоти омории донишкада ва сомонаҳои расмӣ онро мушоҳида намояд.
Бояд гуфт, ки нақши нашрияҳо барои инъикоси пажуҳиш ва дастоварду таҳқиқоти инноватсионии соҳа муҳим аст. Ректори донишкада таъкид намуд, ки кӯшиш менамоянд маҷалла дар фазои иттилоотии мамлакат дар радифи дигар нашрияҳои маъруф дар бозтоби ҳалли мушкилоти соҳа нуфузу эътибори хоссаро соҳиб гардад.
АКС: Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид






