Дар басти дуюми истироҳатгоҳи «Дурахшон»-и ноҳияи Файзобод 103 нафар ба истироҳати бофароғат фаро гирифта шуд

Август 4, 2024 14:20

ФАЙЗОБОД, 04.08.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯзҳо  дар басти дуюми истироҳатгоҳи «Дурахшон»-и ноҳияи Файзобод 103 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати бофароғат фаро гирифта шудаанд, ки қисми зиёди онҳо ятимон мебошанд.  Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар шуъбаи маорифи  ноҳияи Файзобод иттилоъ доданд.

Сармураббии истироҳатгоҳи «Дурахшон» Аввалмоҳ Нурмаҳмадшоева иброз намуд, ки дар басти якум 123 нафар кӯдакону наврасон дар сатҳи баланд истироҳати бофароғат намуданд. Ҳоло дар басти дуюм 103 кӯдак ба фароғати тобистона фаро гирифта шудааст, ки қисми зиёди онҳо ятимони кулл ва нимятимону аз оилаҳои камбизоат мебошанд. Дар истироҳатгоҳ  кӯдакону наврасон аз рӯйи барномаи шуъбаи маорифи ноҳия ба машғулияти варзишию фарҳангӣ ва сайёҳӣ фаро гирифта шуда, бо чор вақт хӯрок таъмин мешаванд.

Истироҳатгоҳи «Дурахшон» дар деҳаи Дурахшони Ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Файзобод ҷойгир аст. Он дорои ҳавзи шиноварӣ, хобгоҳҳои кушод, ошхона ва майдончаи варзишӣ мебошад, ки кӯдакону наврасон аз он истифода менамоянд. Имсол аз сабаби серборишӣ ва хунук будани  ҳудуди истироҳатгоҳ масъулини шуъбаи маориф ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод басти якумро аз 10 июл оғоз намуданд, ки дар ин рӯзҳо ҳавои гарми тобистона барои фароғати истироҳаткунандагон  мусоид буд.

Масъулини идораи маорифи ноҳияи Файзобод дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2024» дар назди муассисаҳои таълимӣ бо иштироки 1300 нафар кӯдакон лагерҳои солимгардонӣ ташкил намуда, зиёда аз 30 нафар фарзандони омӯзгоронро ба истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол»  ҷалб намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 4, 2024 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд