Дар деҳаи Дашти ноҳияи Ишкошим бунёди хонаҳо барои зарардидагон оғоз ёфт
ХОРУҒ, 14.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Барои сокинони деҳаи Зугванди Ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим, ки бар асари омадани сел манзилҳояшон пурра вайрон шуда буд, дар деҳаи Дашти Ҷамоати деҳоти Ишкошим қитъаи замин барои бунёди хонаи истиқоматӣ ҷудо гардид, хабар медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот зимни нишасти хабарӣ аз оғози бунёди хонаҳои истиқоматӣ барои зарардидагони сел иттилоъ расонида, изҳор дошт, ки барои сари вақт ва бо сифати хуб ба истифода додани ин хонаҳо нахустин корвони кумакҳои Пешвои миллат иборат аз масолеҳи сохтмонӣ ба маҳали сохтмон расид.
Ҳамчунин ба сокинони деҳаи Зугванд, ки хонаҳояшон қисман зарар дида буданд, маводи мавриди ниёзи аввал ва барои таъмири хонаҳояшон масолеҳи сохтмонӣ дастрас гардид. Ҳоло таҳкурсии 8 хона гузошта шуда, рӯзҳои наздик таҳкурсии боз панҷ хонаи дигар гузошта мешавад.
Бар асари омадани сел дар деҳаи Зугванди ин ноҳия 13 хона пурра вайрон гашт. Бо хоҳиши зарардидагон, онҳо ба деҳаи Дашт, ки ҳамагӣ 3 километр аз маркази ноҳия дур аст, кӯчонида мешаванд. Мутобиқи нақша, ин хонаҳои истиқоматӣ қабл аз фарорасии фасли сармо ба истифода дода шуда, бо тамоми таҷҳизот ва асбобу анҷоми зарурии рӯзгор таъмин мегарданд.
Бояд гуфт, ки дар натиҷаи ин офати табиӣ 13 хона пурра зери сел монда, 13 хона қисман ва 13 хонаи дигар зарари сабук диданд. Сенздаҳ оилае, ки сел хонаҳояшонро пурра хароб кардааст, ба истироҳатгоҳи «Шабдез»-и ноҳияи Роштқалъа кӯчонида шуда, барояшон шароити мусоиди зиндагӣ фароҳам оварда шудааст.
АКС:АМИТ «Ховар»








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






