Дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ барои зарардидагони офати табиӣ хонаҳои нав сохта мешаванд

Август 8, 2024 10:48

ДУШАНБЕ, 08.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ барои зарардидагони офати табиӣ хонаҳои нав сохта мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Айнӣ якҷо бо сокинони деҳа ба бунёди хонаҳои истиқоматӣ хишти аввал гузошт. Барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида дар минтақаи бехавфи дашти Искодар замин ҷудо шуда, дар муҳлати кӯтоҳтарин 15 хонаи истиқоматӣ сохта мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки ба бунёди хонаҳои истиқоматӣ ва дигар инфросохтори зарурӣ идораҳо вобаста шуда, ситоди махсус фаъолият дорад.

Ёдовар мешавем, ки 13 июл бар асари фаромадани сел дар деҳаи Искодар чандин хонаҳои истиқоматӣ пурра ва қисман хароб гардида, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, боғоту заминҳои кишоварзӣ зарари ҷиддӣ диданд.

Бо дастури махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми деҳаи Искодар, ки бар асари офати табиӣ сахт зарар диданд, дар 2,8 гектар дар мавзеи дашти Искодар замин ҷудо карда шуда, барои 15 хоҷагӣ хонаҳои истиқоматӣ сохта мешаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Август 8, 2024 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд