Дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон 67 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил менамояд
ДУШАНБЕ, 10.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон 67 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил дорад, ки аз ҷумҳуриҳои Узбекистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Бангладеш, Малайзия ва Нигерия мебошанд. Ин шумора нисбат ба соли 2023 33 нафар зиёд мебошад. Дар ин хусус ректори донишкада Зарина Ибодзода 8 август зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Теъдоди донишҷӯёни донишкада дар айни замон 2461 нафар мебошад, ки нисбат ба шашмоҳаи соли 2023 713 нафар зиёд аст.
Дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон аз рӯи 5 ихтисос- «Психологияи тиббӣ», «Кори табобатӣ», «Кори иҷтимоӣ» (фаъолияти иҷтимоӣ-тиббӣ-психологӣ), «Стоматологӣ» ва «Фармасевтӣ» мутахассисони соҳаи тиб ва иҷтимоӣ дар зинаи таҳсили олии касбӣ омода мегарданд.
Зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд, ки донишкада бо 12 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ ҳамкории дуҷониба дар самти таҳсил, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, табодули таҷрибаи донишҷӯён, ҳайати профессорону омӯзгорон ва дигар самтҳои соҳаи тибро амалӣ намудааст. Аз ҷумла, моҳи январи соли 2024 раёсати донишкада бо намояндагони давлатҳои Миср, Австралия ва Бангладеш барои вусъат додани ҳамкории тарафайн вохӯрӣ намуд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид






