Дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон 67 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил менамояд

Август 10, 2024 11:42

 ДУШАНБЕ, 10.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон 67 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил дорад, ки аз ҷумҳуриҳои Узбекистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Бангладеш, Малайзия ва Нигерия мебошанд. Ин шумора нисбат ба соли 2023  33 нафар зиёд мебошад. Дар ин хусус ректори донишкада Зарина Ибодзода 8 август зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Теъдоди донишҷӯёни донишкада дар айни замон 2461 нафар мебошад, ки нисбат ба шашмоҳаи соли 2023  713 нафар зиёд аст.

Дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон аз рӯи 5 ихтисос- «Психологияи тиббӣ», «Кори табобатӣ», «Кори иҷтимоӣ» (фаъолияти иҷтимоӣ-тиббӣ-психологӣ), «Стоматологӣ» ва «Фармасевтӣ»  мутахассисони соҳаи тиб ва иҷтимоӣ дар зинаи таҳсили олии касбӣ омода мегарданд.

Зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд, ки донишкада бо 12 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ ҳамкории дуҷониба дар самти таҳсил, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, табодули таҷрибаи донишҷӯён, ҳайати профессорону омӯзгорон ва дигар самтҳои соҳаи тибро амалӣ намудааст. Аз ҷумла, моҳи январи соли 2024 раёсати донишкада бо намояндагони давлатҳои Миср, Австралия ва Бангладеш барои вусъат додани ҳамкории тарафайн вохӯрӣ намуд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 10, 2024 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд