Дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон музеи анатомӣ ва Маркази малакаҳои омӯзиши амалӣ таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 08.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли 2024 дар назди Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимии назди Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон музеи анатомӣ ва Маркази малакаҳои омӯзиши амалӣ таъсис дода шуд. Дар ин хусус ректори донишкада Зарина Ибодзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Мақсади Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ ба ташаккул, инкишоф додан ва дасттирии салоҳиятноки клиникии донишҷӯён дар самти омӯзиши клиникӣ аз ихтисосҳои акушерӣ ва гинекологӣ, бемориҳои дарунӣ, бемориҳои кӯдакона, неонатология, бемориҳси чашм, бемориҳои гӯшу гулӯву бинӣ, реаниматология ва ёрии таъҷилӣ, стоматология, тибби оилавӣ, травматология, ҷарроҳӣ, анатомияи одам, кори ҳамширагӣ, одоби муошират бо беморон ва наздикони онҳо ва дигар самтҳои соҳаи тиб равона шудааст», -гуфт ректори донишкада.
Иттилоъ дода шуд, ки дар раванди омӯзиши моделҳои автоматикунонида ва виртуалӣ, дасттоҳҳо ва таҷҳизоти таълимии симулятсионӣ, барномаҳои таълимии компютерии интерактивӣ, маводи аудио ва видеоӣ оид ба фанҳои гуногуни тиббӣ бо ҷалб кардани мизоҷон барои омӯзиш ва арзёбии малакаи касбӣ истифода бурда мешаванд.
Ҳамзамон донишкада бо 47 муассисаи тиббӣ-профилактикии шаҳри Душанбе барои дарсҳои таълимӣ-амалӣ шартномаи ҳамкорӣ бастааст.
Барои пешбурди раванди таълиму тарбия дар сохтори донишкада 26 кафедра фаъолият дорад, ки аз ин теъдод 17 кафедра тахассусӣ мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






