Дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон музеи анатомӣ ва Маркази малакаҳои омӯзиши амалӣ таъсис ёфт

Август 8, 2024 15:15

ДУШАНБЕ, 08.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли 2024 дар назди Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимии назди Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон музеи анатомӣ ва Маркази малакаҳои омӯзиши амалӣ таъсис дода шуд.  Дар ин хусус ректори донишкада Зарина Ибодзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Мақсади Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ ба ташаккул, инкишоф додан ва дасттирии салоҳиятноки клиникии донишҷӯён дар самти омӯзиши клиникӣ аз ихтисосҳои акушерӣ ва гинекологӣ, бемориҳои дарунӣ, бемориҳои кӯдакона, неонатология, бемориҳси чашм, бемориҳои гӯшу гулӯву бинӣ, реаниматология ва ёрии таъҷилӣ, стоматология, тибби оилавӣ, травматология, ҷарроҳӣ, анатомияи одам, кори ҳамширагӣ, одоби муошират бо беморон ва наздикони онҳо ва дигар самтҳои соҳаи тиб равона шудааст», -гуфт ректори донишкада.

Иттилоъ дода шуд, ки дар раванди омӯзиши моделҳои автоматикунонида ва виртуалӣ, дасттоҳҳо ва таҷҳизоти таълимии симулятсионӣ, барномаҳои таълимии компютерии интерактивӣ, маводи аудио ва видеоӣ оид ба фанҳои гуногуни тиббӣ бо ҷалб кардани мизоҷон барои омӯзиш ва арзёбии малакаи касбӣ истифода бурда мешаванд.

Ҳамзамон донишкада бо 47 муассисаи тиббӣ-профилактикии шаҳри Душанбе барои дарсҳои таълимӣ-амалӣ шартномаи ҳамкорӣ бастааст.

Барои пешбурди раванди таълиму тарбия дар сохтори донишкада 26 кафедра фаъолият дорад, ки аз ин теъдод 17 кафедра тахассусӣ мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Август 8, 2024 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ МЕРОСИ МИЛЛӢ ТО САРМОЯИ ИЛМИИ БАШАРИЯТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ қадрдонӣ шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир гардид
Доир ба Конвенсияи Ромсар ва аҳамияти байналмилалии он нишасти илмӣ баргузор гардид
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб — заминаи густариши илми тиб, муаррифии шахсият ва осори тоҷикон дар арсаи ҷаҳон
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар гиромидошти қаҳрамонони миллат ҳамоиш баргузор шуд
Дар Душанбе масъалаҳои рушди соҳаи илму маориф бо ректори Донишгоҳи СММ баррасӣ гардид
Коршиносони хориҷӣ нақши Тоҷикистонро чун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим назаррас арзёбӣ намуданд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи СММ тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд
ИҚДОМИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Он насли наврасро водор месозад, ки аз қаҳрамонии гузаштагон сабақи зиндагӣ гиранд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамкориро бо JICA дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва инноватсия таҳким мебахшад