Дар муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон хизматрасониҳо тариқи пардохтҳои ғайринақдӣ амалӣ мегарданд

Август 7, 2024 08:48

ДУШАНБЕ, 07.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1591 воситаи пардохтҳои электронӣ, аз ҷумла 820  постерминал ва 771 QR- рамзҳо дар 463 муассиса пайваст гардид. Дар ин хусус 5 август зимни нишасти матбуотӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ дода шуд.

Баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пардохти ғайринақдӣ ҷорӣ гардида истодааст, ки  хизматрасониҳо аз тарафи аҳолӣ дар ин самт давра ба давра муътадил мешавад. Ҳамчунин дар муассисаҳои хусусии тиббӣ 50 постерминал ва 711 QR- рамзҳо насб гардидаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки рушди босуръати технология дар ҷаҳони молиявӣ зарурати истифодаи чунин намуди пардохтҳо, ба мисли пардохтҳои ғайринақдиро тақозо мекунад.

Бояд гуфт, ки гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ ба сарфаи вақту пешгирии хароҷоти иловагии муштариён мусоидат намуда,  минбаъд пардохти хизматрасонии давлатӣ танҳо ба таври ғайринақдӣ амалӣ мешавад.

Гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, интизориҳоро дар назди банкомату постерминалҳои хазинаҳои ташкилоти қарзии молиявӣ барои гирифтани пули нақд аз байн мебарад ва сабаби сарфаи вақту коҳишёбии хароҷоти иловагии мардум мегардад.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 7, 2024 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст