Дар нишасти Остона масъалаи азнавпайвастшавии Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд

Август 8, 2024 19:08

ДУШАНБЕ, 08.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа 6 август дар вохӯрии якуми вазирони энергетикаи давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки таҳти раёсати вазири энергетикаи Қазоқистон Алмасадам Сакталиев дар шаҳри Остона баргузор гардид, иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар вохӯрӣ Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа иброз дошт, ки бо мақсади пурзӯр намудани эътимоднокии кори низоми энергетикии минтақа дар марҳилаи кунунӣ лоиҳаи «Азнавпайвастшавии Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ» амалӣ мешавад. Дар доираи он аввали моҳи июни имсол низоми энергетикии қисми ҷанубу ғарбии Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст гардид.

Дар мулоқот даъват шуд, ки ҳамкорӣ барои васеъ кардани имконияти савдои захираҳои энергетикӣ, инчунин ба роҳ мондани рушди бахши камкарбон, ноил шудан ба бетарафии карбон ва гузариши марҳилавии энергетикӣ тақвият дода шавад.

Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқот роҳбарони ниҳодҳои энергетикии Осиёи Марказӣ созишнома ба имзо расониданд, ки ба ҳамкории минбаъдаи муваффақона дар тамоми самтҳои калидӣ байни давлатҳо замина мегузорад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 8, 2024 19:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид