Дар ноҳияи Шаҳритус машғулияти илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 27.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 август дар ноҳияи Шаҳритус таҳти унвони «Кишти такрорӣ – омили фаровонҳосилӣ» машғулияти илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат.
Зимни ифтитоҳи машғулият муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иброз намуд, ки таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ муҳимтарин ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаи асосии баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум маҳсуб мешавад. Барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва истифодаи оқилонаву самараноки замин кишоварзон имсол майдони кишти такрориро дар мамлакат бештар намудаанд.
Ҳамчунин дар доираи машғулияти илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ иштирокдорон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо таҷрибаи кишти такрорӣ ва корҳои агротехникии зироат дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Дӯстӣ, Қубодиён, Носири Хусрав ва Шаҳритус аз наздик шинос шуданд.
Дар ҷараёни машғулият доир ба технологияи парвариш, истифодаи технологияҳои муосир, агротехникаи парвариш, самаранокии иқтисодӣ, пешгирии касалиҳо, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба илм ва татбиқи он дар истеҳсолот мубодилаи афкор доир шуд.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






