Дар шаҳри Бӯстон беш аз 2 ҳазор бех дарахти ҳамешасабз шинонида шуд

Август 7, 2024 18:30

 ДУШАНБЕ, 07.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми имсол дар шаҳри Бӯстон 2 ҳазору 100 бех дарахти ҳамешасабз, 125 ҳазор бех гули ороишӣ шинонида шуда, таъмири 10 даромадгоҳ ва шинонидани 8 дари даромадгоҳи биноҳо, рангубори 6 бинои баландошёна, 1230 метри мураббаъ корҳои бомпӯшӣ ба анҷом расонида шуданд. Дар ин хусус Раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.

Нигорахон Ғаффорзода афзуд, ки дар шаҳри Бӯстон корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дошта, пайваста тадбирҳои зиёди сабзкорию хуррамгардонӣ андешида мешаванд. Ҳамзамон 643 метри мураббаъ роҳҳои маҳаллӣ мумфарш ва 1228 метри мураббаъ роҳи назди кӯчаҳо сафолакпӯш карда шуд.

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 16 400 метри мураббаъ роҳи кӯчаи Ваҳдат ва 2080 метри мураббаъ кӯчаи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ мумфарш карда шуд.

Бо мақсади ободонии кӯли шаҳрӣ 6 чоҳи амудии бекорхобида таъмиру таҷдид шуд. Ҳамчунин атрофи кӯли шаҳрӣ аз алафҳои худрӯй ва партовҳо тоза карда шуда, чароғакҳои равшанидиҳанда насб шуданд.

Инчунин 700 метр панҷараҳои атрофи кӯл рангубор карда шуда, барои оббозии сокинон дар мавсими тобистон мавзеъ ташкил карда шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 7, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад
Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида мешавад
Дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид
Дар минтақаи Ховарон дар беш аз 7 гектар боғи мевадиҳанда бунёд мегардад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд