Дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идома дорад
ДУШАНБЕ, 17.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идома дорад. Дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуда, байни ҳам сабқат намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳадафи асосии баргузории озмун, пеш аз ҳама, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва баландгардонии доираи забондонӣ байни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсил ва шаҳрвандони мамлакат мебошад.
Баргузории он ба васеъ намудани ҷаҳонбинӣ, огоҳӣ аз таъриху тамаддун ва дуруст ба роҳ мондани муоширату муносибати аҳли ҷомеа равона гардидааст.
Тавре корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Амиров иброз дошт, ба шарофати ин озмун солҳои охир тамоми шаҳрвандони мамлакат китобхон гардида, имрӯзҳо тамоми китобхонаҳо пур аз хонанда аст, ҳатто дар ҳар хонадон аҳли хонавода китобхон шудаанд. «Онҳо сарҷамъ шуда, китоберо варақгардон карда, атрофи он бо ҳам соатҳо суҳбат мекунанд, ки нишони соҳибмаърифатии ҷомеа аст. Тавре дар озмун мушоҳида намудем, имрӯз иштирокчиёни хурдсол низ бо тайёрии ҷиддӣ омадаанд, бисёре аз онҳо новобаста ба синну соли хурдиашон аллакай 200 китоби бачагона ва 1000 байтро аз худ кардаанд, ки натиҷаи чунин мутолиа ба пешрафти соҳаи адабиёт ва илму фарҳанг мусоидат мекунад», -гуфт ӯ.
Хонандаи синфи 4-и Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Душанбе Омина Сафарова дар озмун аз рӯи номинатсияи «Адабиёти классикии тоҷик» иштирок намудааст. Аз синни хурдӣ ба хондани шеъру достон шавқу рағбати зиёд дорад. Тавре ӯ иброз дошт, барои озмун 70 ғазал, 80 рубоӣ, 50 байту қасида, 100 байт аз достонҳоро аз бар намуда, китобҳои бадеии зиёде низ мутолиа намудааст. Ба ҳамсолони худ тавсия медиҳад, ки вақти пурқимати худро беҳуда сарф накарда, ба мутолиаи китоб машғул шаванд. Зеро китоб роҳнамою раҳкушо дар зиндагии ҳар шахс ба ҳисоб меравад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе»








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид






