Дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идома дорад

Август 17, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 17.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» даври сеюми Озмуни  ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идома дорад. Дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуда, байни ҳам сабқат намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҳадафи асосии баргузории озмун, пеш аз ҳама, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва баландгардонии доираи забондонӣ байни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсил ва шаҳрвандони мамлакат мебошад.

Баргузории он ба васеъ намудани ҷаҳонбинӣ, огоҳӣ аз таъриху тамаддун ва дуруст ба роҳ мондани муоширату муносибати аҳли ҷомеа равона гардидааст.

Тавре корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Амиров иброз дошт, ба шарофати ин озмун солҳои охир тамоми шаҳрвандони мамлакат китобхон гардида, имрӯзҳо тамоми китобхонаҳо пур аз хонанда аст, ҳатто дар ҳар хонадон аҳли хонавода китобхон шудаанд. «Онҳо сарҷамъ шуда, китоберо варақгардон карда, атрофи он бо ҳам соатҳо суҳбат мекунанд, ки нишони соҳибмаърифатии ҷомеа аст. Тавре дар озмун мушоҳида намудем, имрӯз иштирокчиёни хурдсол низ бо тайёрии ҷиддӣ омадаанд, бисёре аз онҳо новобаста ба синну соли хурдиашон аллакай 200 китоби бачагона ва 1000 байтро аз худ кардаанд, ки натиҷаи чунин мутолиа ба пешрафти соҳаи адабиёт ва илму фарҳанг мусоидат мекунад», -гуфт ӯ.

Хонандаи синфи 4-и Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Душанбе Омина Сафарова дар озмун аз рӯи номинатсияи «Адабиёти классикии тоҷик» иштирок намудааст. Аз синни хурдӣ ба хондани шеъру достон шавқу рағбати зиёд дорад. Тавре ӯ иброз дошт, барои озмун 70 ғазал, 80 рубоӣ, 50 байту қасида, 100 байт аз достонҳоро аз бар намуда, китобҳои бадеии зиёде низ мутолиа намудааст.  Ба ҳамсолони худ тавсия медиҳад, ки вақти пурқимати худро беҳуда сарф накарда, ба мутолиаи китоб машғул шаванд. Зеро китоб роҳнамою раҳкушо дар зиндагии ҳар шахс ба ҳисоб меравад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе»

Август 17, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Пагоҳ даври якуми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Равоншиноси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино Манижа Раҷабова ғолиби озмуни байналмилалӣ гардид
Шумо барои фарзандатон дар таътили тобистона реҷаи рӯз тартиб додаед?
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Барои дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагардидан чӣ бояд кард?
1 июл даври асосии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Барои иштирок дар даври асосии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 112 ҳазор нафар довталаб номнавис карда шуд
Аҳлиддин Ибодуллозода: «Тарбияи насли нави ваҳдатофару ваҳдатсаро аз омӯзгорон – меъморони руҳи инсон вобаста аст»
«БЕҲТАРИН ОМӮЗГОР». Фотима Сайдализода дар Озмуни байналмилалии таҳқиқотӣ сазовори дипломи дараҷаи I гардид
Марҳалаи якуми озмуни довталабон барои дарёфти Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» доир гардид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва Донишгоҳи забонҳои хориҷии Сиани Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон таҳким меёбад