Дар Суғд марказҳои гармидиҳӣ ва панелҳои офтобӣ бунёд мегарданд
ДУШАНБЕ, 21.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Масоили татбиқи лоиҳаҳо дар самти бунёди маркази гармидиҳӣ, панелҳои офтобӣ ва корхонаи коркарди партовҳо дар вохӯрии Раиси вилояти Суғд бо директори минтақавии ширкати «Рowerchina Hebei engineering corporation Iimited» баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Бунёди маркази гармидиҳӣ, панелҳои офтобӣ ва корхонаи коркарди партов ба нафъи ҷонибҳо буда, аввал дар шаҳри Хуҷанд ва дар оянда дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ чунин лоиҳаҳо татбиқ мешаванд.
Бунёди маркази гармидиҳӣ бо истифода аз технологияи нав дар шаҳри Хуҷанд имкон медиҳад, ки биноҳои баландошёна, муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва корхонаву идораҳо дар фасли сармо бо гармӣ таъмин гарданд.
Масъалаи татбиқи лоиҳа дар самти бунёди корхонаи коркарди партов низ баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи муҳити зист ва тозагии он таваҷҷуҳи хосса дода мешавад.
Бунёди корхонаи коркарди партов яке аз ҳадафҳо дар ин самт маънидод гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ширкати чинӣ дар амалӣ шудани ин ҳадафи муҳим саҳм мегузорад.
Ширкат дар самти бунёди маркази гармидиҳӣ таҷрибаи кофӣ дошта, ҳадафаш амалӣ намудани ин таҷриба дар давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Мувофиқа шуд, ки ширкат пас аз омӯзиш мутахассисонро ба вилояти Суғд фиристад ва барои татбиқи лоиҳаҳо ҳамкорӣ карда шавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд






