Дар Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 133 миллион доллар гази моеъ харидорӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 03.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи имсол аз ҷониби 14 субъект ба ҷумҳурӣ 195,45 ҳазор тонна гази моеъ ба маблағи 133 миллиону 100 ҳазор доллар бо нархи миёнаи 681 доллар барои як тонна ворид шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 12 ҳазору 300 тонна кам ва нархи миёнаи воридоти он нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба ҳисоби миёна 278 доллар ё ба андозаи 69 фоиз афзоиш ёфтааст.
Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҷумҳурӣ 94,2 фоиз гази моеъ аз Қазоқистон, 4,2 фоиз аз Русия ва 1,6 фоиз аз Узбекистон аз ҷониби ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Темур ойл» бо ҳиссаи 21,2 фоиз, «Аллат» 10 фоиз, «Октан сервис» 9,9 фоиз, «Ирис» 8,3 фоиз, «Газпромнефт Тоҷикистон» 8,1 фоиз, «Эмом импорт экспорт» 8 фоиз, «Баҳор» 6,5 фоиз, «Мабдаи Нур» 6,2 фоиз, «Каёнуш таъминот» 6 ва дигар субъектҳо 15,7 фоиз ворид шудааст.
АКС:АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






