Давлатҳои Аврупо эмкунии аҳолиро бар зидди обилаи маймун рад менамоянд
ДУШАНБЕ, 21.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Давлатҳои Аврупо эмкунии тамоми аҳолиро бар зидди обилаи маймун рад менамоянд. Тавре АЗЕРТАҶ иттилоъ медиҳад, қарор дар ин хусус аз ҷониби давлатҳои аъзо дар ҷаласаи Кумитаи Иттиҳоди Аврупо оид ба амнияти тандурустӣ қабул карда шуд.
Давлатҳои Иттиҳоди Аврупо чунин мешуморанд, ки хатари паҳншавии вируси Мpox (эмпокс) дар байни аҳолӣ «паст» аст. Кумитаи Иттиҳоди Аврупо оид ба амнияти тандурустӣ ҷорӣ намудани назорати сарҳадиро низ рад намуд.
Ҳафтаи гузашта Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар робита ба паҳншавии вируси mpox дар соҳаи тандурустӣ вазъияти фавқулодаи байналмилалӣ эълон намуд. Чанд рӯз баъд Маркази аврупоии пешгирӣ ва назорати бемориҳо (ECDC) хатарро барои қитъа аз «хеле паст» ба «паст» боло бурд.
Ҷумҳурии Демократии Конго маркази хуруҷи ин сироят ба ҳисоб рафта, паҳншавии намуди (штамми) хатарноктари вирус боиси нигаронии афзоянда дар Африқо ва берун аз он мегардад.
Берун аз ҳудуди Африқо ҳолатҳои Мpox (эмпокс) дар Шветсия, Покистон ва Филиппин ташхис карда шудаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






