«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо раванди баргузории даври сеюми озмун дар шаҳри Душанбе шинос шуд
ДУШАНБЕ, 21.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Дилрабо Мансурӣ бо раванди баргузории даври сеюми озмун дар шаҳри Душанбе, ки дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» идома дорад, шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хабар доданд.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон зимни суҳбат бо иштирокчиёни озмун ва ҳайати ҳакамон аз ташаббусҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эълон доштани силсилаозмунҳои ҷумҳуриявӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории озмунҳо баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа, шинохти асли хеш ва дарёфти чеҳраҳои дурахшони илму маърифат аст.
Ба иштирокчиёни озмун тавсия дода шуд, ки бо истифода аз фурсати муносиб бештару беҳтар хонанд, аз навигариҳои илмҳои муосир огаҳ бошанд ва барои забономӯзӣ кӯшиш намоянд. Ҳайати ҳакамон даъват шуданд, ки зимни санҷиши дониш, маҳорат ва истеъдоди довталабон ба хатогӣ роҳ надиҳанд ва бо довталабон муомилаи хуш намуда, то ба охир онҳоро шунаванд ва дар кадом сатҳ омода будани онҳоро муайян намоянд. Таъмини шаффофият ва адолат бояд шеваи кори ҳайати ҳакамон бошад.
Дар идома Дилрабо Мансурӣ бо волидайни чанд иштирокдори озмун суҳбат карда, ба падару модарон барои тарбияи дурусти фарзандон изҳори сипос намуд ва аз онҳо даъват ба амал овард, ки минбаъд низ барои тарбияи дурусти фарзандон саъю талош намоянд.
Чанде аз волидон ба Роҳбари фарҳангпарвару маърифатдӯсти мамлакат изҳори сипос намуда, баён доштанд, ки фарзандонро чун пайрави асили Пешвои миллат тарбия мекунанд.
Ба масъулини баргузории чорабинӣ дастур дода шуд, ки ҳар баромади иштирокчиён пурра ба навор гирифта шуда, ҳайати кории комиссияи аппелятсионӣ корашонро шаффоф ва боадолатона анҷом диҳад. Дар озмун танҳо онҳое ғолиб оянд, ки воқеан ҳам дониши баланд ва ҷаҳонбинии васеъ дошта бошанд.
Ёдовар мешавем, ки даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ то 25 август идома меёбад.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе»








Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст






