Хадамоти иҷро: «854 нафар қарздорон сарҳади ҷумҳуриро убур карда натавониста, маблағи қарзро пардохт карданд»

Август 5, 2024 14:07

ДУШАНБЕ, 05.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастрасии моддаи 47-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ҷиҳати баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди мамлакат нисбат ба 1768 нафар қарздорон маҳдудият гузошта шудааст. Амали мазкур натиҷаҳои мусбӣ нишон дода, 854 нафар қарздорон сарҳади ҷумҳуриро убур карда натавониста, маблағҳои бо ҳуҷҷатҳои иҷро таъингардидаро ба андозаи 9 миллону 13 ҳазору 290 сомонӣ пардохт намуданд, ки назар ба соли 2023 ба маблағи 1 миллону 412 ҳазору 444 сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус дар нишасти матбуотии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2024 иттилоъ дода шуд.

Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин иброз гардид, ки барои напардохтани маблағҳои қарзӣ 651 шахсони воқеӣ ва 27 шахсони ҳуқуқӣ ба Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ворид карда шудаанд.

«Дар нимсолаи якуми соли 2024 ба Хадамоти иҷро 5376 (2023 – 5 612) ҳуҷҷати иҷро оид ба ситонидани маблағи алимент ворид гардида, аз солҳои пешин дар маҷмӯъ 98 693 адад ҳуҷҷатҳои иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент дар баррасии иҷрочиён мавриди иҷро қарор дорад. Аз ҷониби иҷрочиён ба манфиати модару кӯдак зиёда аз 21 миллону 425 ҳазору 515 сомонӣ рўёнида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 1 миллиону 425 ҳазору 742 сомонӣ зиёд мебошад», -иттилоъ дода шуд дар нишаст.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки бинобар бадқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент бо пешниҳоди иҷрочиён нисбат ба 128 қарздорон тибқи талаботи моддаи 177 –и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти прокуратура парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Нисбат ба 418 нафар қарздорон барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷои зисташон аз ҷониби иҷрочиёни мақомоти иҷро бо қабули қарорҳои дахлдор кофтуков эълон гардида, барои ҷустуҷӯ ба шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ирсол шудааст.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 5, 2024 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд