Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ Ҷаласаи 20-уми Шурои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 07.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи 20-уми Шурои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Дар доираи ин ҷаласа Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Бойгонии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамо дар ҷомеаи муосир: раванди мубрами рушд» доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, Ҷаласаи 20-уми Шурои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 7 август, соати 09:30 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оғоз мегардад.
Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Бойгонии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамо дар ҷомеаи муосир: раванди мубрами рушд» 8 август дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мешавад.
Дар доираи баргузории ин чорабинӣ, саёҳати меҳмонон-иштирокдорони ҷаласа ба мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Душанбею Ҳисор ва ноҳияи Варзоб дар назар дошта шудааст. Хабарнигори АМИТ «Ховар», ки дар чорабинии мазкур иштирок дорад, аз ҷараёни баргузории ин ҷаласа гузориши муфассал манзур менамояд.
АКС аз бойгонӣ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






