Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 03.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15+21 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 24+29 дараҷа гарм, рӯзона 37+42 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа гарм, рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 25+27 дараҷа ва рӯзона 38+40 дараҷа гарм мешавад.








Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид






