ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛИИ ҶАВОНОН. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 08.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба истиқболи 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии ҷавонон (12 август) ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни ҳамоиш масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастовардҳои ҷавонон дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ёдовар шуда, иброз доштанд, ки бо таваҷҷуҳи хосса ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои ҷавонпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон шароити созгори пешбурди фаъолият ва таъмини зиндагии шоиста, донишгоҳу донишкада, муассисаҳои таълимию касбомӯзӣ, китобхонаҳо, боғҳои фарҳангу фароғатӣ ва толору майдончаҳои варзишӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.
Дар Тоҷикистон барои дастгирии иҷтимоии ҷавонон ва боло бурдани ҳисси ватандӯстии онҳо корҳои назаррас ба сомон расонида мешаванд.
Ҳамчунин бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таъсиркунанда барои тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббати онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, маърифатнокӣ, худогоҳӣ, инсондӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз таҳдидҳои замони муосир «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳал амалӣ мегардад.
Баҳри амалишавии 10 самти афзалиятноки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон, ки аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» бармеояд, «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳал амалӣ мешавад. Дар заминаи ин барнома аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барномаҳои маҳаллии рушди иҷтимоии ҷавонон қабул ва татбиқ мегарданд.
Ҷавонон бояд дар ҷавоб ба ин ҳама ғамхориҳо касбу донишҳои замонавиро аз бар намуда, дар таҳким бахшидани Истиқлоли давлатӣ саҳми муносиб гузоранд. Зеро кулли дастовардҳои мо аз ин неъмати гаронарзиш сарчашма мегирад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд






