Истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон қариб 200 ҳазор тонна афзудааст

Август 2, 2024 08:21

ДУШАНБЕ, 02.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 дар ҳаҷми 195,5 ҳазор тонна афзудааст.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир 1 август дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки имсол дар мамлакат истихроҷи ангишт аз ҷониби 12 корхона дар 9 кон ба роҳ монда шуд, ки дар натиҷа 946,6 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардид.

Тибқи ин омор, беш аз 369 ҳазор тонна ангишт дар корхонаҳои давлатӣ ва зиёда аз 577 ҳазор тонна дар корхонаҳои хусусӣ истихроҷ карда шудааст.

Гуфта шуд, ки бақияи ангишт ба ҳолати 1 июл дар анборҳои корхонаҳои соҳа бо назардошти бақияи ангишти солҳои пешин зиёда аз 566,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС:АМИТ «Ховар»

 

Август 2, 2024 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд