Кумаки Президенти Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Ишкошим дастрас гардид
ДУШАНБЕ, 12.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Зугванди Ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим тавассути 20 мошини калони боркашонӣ маводи хӯрокворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ кумак расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ медиҳад.
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат барои сокинони аз офати табиӣ зарардида тамоми шароитро муҳайё намудааст. 13 оилае, ки хонаҳояшон пурра вайрон гардидааст, дар истироҳатгоҳи Шабдези ноҳияи Роштқалъа қарор дошта, то сохтмони хонаҳои замонавӣ истиқомат мекунанд.
Тавре қаблан хабар додем, дар натиҷаи якбора гарм шудани ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо ва баландшавии оби рӯдхонаи деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим 4 август дар ин деҳа сел омад. Дар натиҷаи ин ҳодисаи табиӣ даҳҳо хонаи истиқоматӣ, зиёда аз 4 километр роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ, боғоту замини кишоварзӣ ва дигар инфрасохтори деҳа хароб гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






