Кумаки Президенти Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Ишкошим дастрас гардид

Август 12, 2024 12:03

ДУШАНБЕ, 12.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   барои дастгирии оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Зугванди Ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим тавассути  20 мошини калони боркашонӣ  маводи хӯрокворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ кумак расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ медиҳад.

Раиси вилоят Алишер Мирзонабот иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат барои сокинони аз офати табиӣ зарардида тамоми шароитро муҳайё намудааст. 13 оилае, ки хонаҳояшон пурра вайрон гардидааст, дар истироҳатгоҳи Шабдези ноҳияи Роштқалъа қарор дошта, то сохтмони хонаҳои замонавӣ истиқомат мекунанд.

Тавре қаблан хабар додем, дар натиҷаи якбора гарм шудани ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо ва баландшавии оби рӯдхонаи деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим 4 август дар ин деҳа сел омад. Дар натиҷаи ин ҳодисаи табиӣ даҳҳо хонаи истиқоматӣ, зиёда аз 4 километр роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ, боғоту замини кишоварзӣ ва дигар инфрасохтори деҳа хароб гардиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Август 12, 2024 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст