Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати экологӣ дар пойтахт озмуни шаҳрӣ эълон намуд
ДУШАНБЕ, 21.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт –шаҳри Душанбе аз рӯи се номинатсия: «Ноҳияи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Муассисаи беҳтарин» озмуни шаҳрӣ эълон менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита.
Озмуни шаҳрӣ бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли маърифати экологӣ эълон гардидани соли 2024 дар шаҳри Душанбе ва татбиқи «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» гузаронида мешавад.
Ҳадафи озмуни шаҳрӣ дар пойтахт ҳамовозӣ ба дастгирии доимӣ, таваҷҷуҳу фаъолияти самараноки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла вусъати корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тозагию хуррамгардонии ноҳияҳо, маҳаллаҳо, ташвиқу тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ, бахусус дар байни ҷавонону наврасон мебошад. Бо ин мақсад озмун ба паҳн кардани таҷрибаи пешқадам ва ҷорӣ намудани он дар шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ, гиромидошти арзишҳои ваҳдати миллӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, тарғиб ва оммавигардонии анъанаҳои беҳтарини миллӣ равона мегардад.
Нишондиҳандаҳо барои муайян намудани «Ноҳияи беҳтарин» ва «Маҳаллаи беҳтарин» аз инҳо иборат мебошанд: ҷалби соҳибкорони ватанӣ барои гузаронидани корҳои ободонию созандагӣ, ҳолати тозагии роҳҳо; ҳолати санитарии маҳалҳо, мавҷудияти нуқтаҳои партовҷамъкунӣ, ҳолати санитарии онҳо, сабзгардонӣ ва гулзоркунӣ, ниҳолшинонӣ ва ҳолати сабзиши онҳо, натиҷаҳои аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил», сатҳи корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ доир ба ҳифзи муҳити зист; истифодаи мақсадноки маблағҳо барои корҳои беҳдошти муҳити зист; насби шиору овезаҳои тарғиботӣ оид ба ҳифзи муҳити зист; тозагии ҷӯйборҳо, роҳу роҳравҳо, ободонии атрофи роҳҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ.
Барои муайян намудани «Муассисаи беҳтарин» мавҷуд будани қуттиҳои партов, ҷамъкунӣ, ҳолати тозагии атроф, сабзазоркунӣ ва гулшинонӣ, ҳолати намои бинои муассисаҳо, мавҷудияти дарахтону навниҳолҳо, нигоҳубин ва ҳолати сабзиши онҳо ба инобат гирифта мешавад.
«Ноҳияи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Муассисаи беҳтарин» аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва мукофотҳо сарфароз гардонида мешаванд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд






