LESSON STUDY. Омӯзгорони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос шакли махсуси таҳқиқоти дарси амалӣ меомӯзанд
ДУШАНБЕ, 07.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Марҳилаи якуми омӯзишӣ барои 1206 нафар омӯзгорони шаҳри Душанбе аз рӯйи барономи PISA ба анҷом расида, 7 август марҳилаи дуюми он оғоз мегардад. Ин омӯзишҳо муштаракан аз ҷониби 15 омӯзгори Қазоқистон ва 45 омӯзгори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф хабар доданд.
Бо ин мақсад дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар доираи ҳамкорӣ бо Маркази маҳорати педагогии Ҷумҳурии Қазоқистон машғулияти омӯзишии Lesson Study баргузор гардид, ки дар он омӯзгорони Донишкада иштирок намуданд.
Машғулияти омӯзишии Lesson Study барои кормандону омӯзгорони Донишкада марҳилаи сеюми ҳамкорӣ мебошад. Дар машғулият асосҳои ин усул, моҳият, тарзи истифода ва дигар паҳлуҳои он мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Яке аз унсурҳои ин усул чунин аст: сегонаи омӯзгорон якҷоя кор мекунанд, то як соҳаи мушаххаси рушдро дар омӯзиши хонандагон ҳадаф қарор диҳанд. Бо истифода аз далелҳои мавҷуда якчанд дарсҳоро якҷоя таҳқиқ мекунанд, ба нақша мегиранд, таълим медиҳанд ва мушоҳида мекунанд, бо истифода аз мубоҳиса ва мулоҳизаҳо.
Lesson Study- ин равиши педагогӣ, шакли махсуси таҳқиқоти синфӣ мебошад, ки ба омӯзгорон дар такмили дониши онҳо дар бораи амалияи таълим кумак мерасонад. Яъне, омӯзгорон дарси ҳамкасбонашонро мушоҳида ва чизҳои дидаашонро таҳлил мекунанд ва бо шарофати ин маҳорати омӯзгориро такмил медиҳанд ва дар дохили ҷомеаи касбӣ ҳамкорӣ менамоянд. Он яке аз усулҳои самарабахш буда, аз ҷониби давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Сингапур, Ҳонконг, Чин, ИМА, Британияи Кабир, Шветсия, Канада ва дигар давлатҳо пурра истифода мегардад.
Ёдовар мешавем, ки аз 24 то 26 сентябри соли 2024 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Конференсияи байналмилалии WALS 2024 баргузор мегардад, ки иштироки кормандони Донишкада дар ин конференсия дар назар аст. Дар он нишасти 18-уми байналмилалии Ассотсиатсияи ҷаҳонии омӯзиши дарсҳо баррасӣ мегардад. Ҳамоиш аз ҷониби «Маркази такмили ихтисоси «Мактабҳои зеҳнии Назарбоев» ташкил карда мешавад, ки яке аз самтҳои он ба мавзуи «Дарсшиносӣ: саъй ба омӯзиши беҳтар ва таълим» нигаронида шудааст.
АКС: Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид






