LESSON STUDY. Омӯзгорони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос шакли махсуси таҳқиқоти дарси амалӣ меомӯзанд

Август 7, 2024 09:33

ДУШАНБЕ, 07.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Марҳилаи якуми омӯзишӣ барои 1206 нафар омӯзгорони шаҳри Душанбе аз рӯйи барономи PISA ба анҷом расида, 7 август марҳилаи дуюми он оғоз мегардад. Ин омӯзишҳо муштаракан аз ҷониби 15 омӯзгори Қазоқистон ва 45  омӯзгори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии  кормандони соҳаи маориф гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии  кормандони соҳаи маориф хабар доданд.

Бо ин мақсад дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар доираи ҳамкорӣ бо Маркази маҳорати педагогии Ҷумҳурии Қазоқистон машғулияти  омӯзишии Lesson Study баргузор гардид, ки дар он омӯзгорони Донишкада иштирок намуданд.

Машғулияти омӯзишии Lesson Study барои кормандону омӯзгорони Донишкада марҳилаи сеюми ҳамкорӣ мебошад. Дар машғулият асосҳои ин усул, моҳият, тарзи истифода ва дигар паҳлуҳои он мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Яке аз унсурҳои ин усул чунин аст: сегонаи омӯзгорон якҷоя кор мекунанд, то як соҳаи мушаххаси рушдро дар омӯзиши хонандагон ҳадаф қарор диҳанд. Бо истифода аз далелҳои мавҷуда якчанд дарсҳоро якҷоя таҳқиқ мекунанд, ба нақша мегиранд, таълим медиҳанд ва мушоҳида мекунанд, бо истифода аз мубоҳиса ва мулоҳизаҳо.

Lesson Study- ин равиши педагогӣ, шакли махсуси таҳқиқоти синфӣ мебошад, ки ба омӯзгорон дар такмили дониши онҳо дар бораи амалияи таълим кумак мерасонад. Яъне, омӯзгорон дарси ҳамкасбонашонро мушоҳида ва чизҳои дидаашонро таҳлил мекунанд ва бо шарофати ин маҳорати омӯзгориро такмил медиҳанд ва дар дохили ҷомеаи касбӣ ҳамкорӣ менамоянд. Он яке аз усулҳои самарабахш буда, аз ҷониби давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Сингапур, Ҳонконг, Чин, ИМА, Британияи Кабир, Шветсия, Канада ва дигар давлатҳо пурра истифода мегардад.

Ёдовар мешавем, ки аз 24 то 26 сентябри соли 2024 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Конференсияи байналмилалии WALS 2024 баргузор мегардад, ки иштироки кормандони Донишкада дар ин конференсия дар назар аст. Дар он нишасти 18-уми байналмилалии Ассотсиатсияи ҷаҳонии омӯзиши дарсҳо баррасӣ мегардад. Ҳамоиш аз ҷониби «Маркази такмили ихтисоси «Мактабҳои зеҳнии Назарбоев» ташкил карда мешавад, ки яке аз самтҳои он ба мавзуи «Дарсшиносӣ: саъй ба омӯзиши беҳтар ва таълим» нигаронида шудааст.

АКС: Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии  кормандони соҳаи маориф

Август 7, 2024 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон барои хонандагони синфи якум давраи мутобиқшавӣ гузаронида мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 83 нафар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 187 муассисаи шакли нав фаъолият мекунад
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир мегардад
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи омӯзгории марказии Чин тақвият медиҳад
Барои омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хобгоҳи 10-ошёна сохта мешавад
Беш аз 6000 шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Чин таҳсил менамоянд
Вазири мудофиаи Тоҷикистон бо фаъолияти кафедраи ҳарбии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Дар Тоҷикистон сохтмони беш аз 300 иншооти маориф ба нақша гирифта шудааст
Аз ҷониби Донишгоҳи техникӣ 74 номгӯй дастуру воситаҳои таълимӣ ва 7 китоби дарсӣ ба нашр расонида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо 16 муассисаи олии касбӣ, созмон ва ширкатҳои байналмилалӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз рӯйи 54 ихтисос донишҷӯ қабул менамояд