Маҳсулоти Тоҷикистон дар шаҳри Остона намоиш дода шуд

Август 12, 2024 11:29

ДУШАНБЕ, 12.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10-11 август дар шаҳри Остона Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон хабар доданд.

Дар намоишгоҳи мазкур меваю сабзавоти тару тоза, асали табиӣ, чормағз ва меваҳои хушки Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд. Сокинон ва меҳмонони пойтахти Қазоқистон-шаҳри Остона имкон ёфтанд, ки бо намунаҳои таомҳои миллии тоҷикон, меваю сабзавот, туҳфаҳои хотиравӣ, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ – маснуоти чармӣ, сафолӣ, чӯб ва қолинҳои маҳсули кори дастӣ шинос шуда, аз онҳо харидорӣ намоянд.

Дар саҳни асосии намоишгоҳ бо иштироки ходимони санъати Тоҷикистон барномаи консертӣ пешниҳод карда шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон

Август 12, 2024 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд