Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни дуюми тақсимоти такрории довталабонро эълон намуд

Август 19, 2024 09:53

ДУШАНБЕ, 19.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои озмуни дуюм – тақсимоти такрории довталабонеро, ки дар даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2024 иштирок кардаанд, эълон намуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии тестӣ.

Барои эълони натиҷаҳои тақсимоти такрории довталабон аз хизматрасонии ирсоли паёмакҳо ва кабинетҳои инфиродии довталабон истифода карда шуд. Вобаста ба ин дар бораи натиҷаҳои тақсимоти такрории довталабон ба телефони мобилии ҳар довталаби дар давраи аз 12 то 15 август аз нав номнависшуда паёмак бо маълумоти мухтасар фиристода шуд. Инчунин маълумоти муфассал дар ин хусус, аз ҷумла балли умумии аз қисми дахлдор бадастовардаи довталаб дар доираи ҳар комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш ва балли гузариш дар доираи ҳар комбинатсия (агар довталаб дар озмун аз рӯйи он(ҳо) комёб нагардида бошад) дар кабинети инфиродии ҳар довталаб ҷойгир карда шуд.

Ёдрас менамоем, ки бо мақсади шинос шудан бо натиҷаҳои озмуни дуюм – тақсимоти такрорӣ довталаби барои иштирок дар ин озмун аз нав номнависшуда бояд аз кабинети инфиродии нав истифода кунад. Барои воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ довталаб бояд аз рақами назоратии нав ва рамзи муваққатии кабинет, ки дар варақаи бақайдгирии охиринаш сабт шудааст, истифода намояд. Кабинетҳои инфиродии нави довталабон 19 август фаъол карда шудааст.

Дар кабинети инфиродии довталаб балли гузариш танҳо барои як ихтисоси интихобкардааш, ки тибқи натиҷаҳои озмун аз рӯйи он комёб шудааст ва (ё) он ихтисосҳои интихобкардааш, ки аз рӯйи онҳо комёб нашудааст, нишон дода мешавад. Вобаста ба ин агар довталаб дар озмун аз рӯйи ихтисоси дар рӯйхат 1-уми интихобкардааш комёб гардида бошад, дар сутуни «Балли гузариш»-и бахши «Натиҷаи тақсимот»-и кабинети инфиродиаш танҳо барои ҳамин ихтисос балли гузариш нишон дода мешавад ва маълумот дар бораи комбинатсияи ихтисосҳои бартариашон пасттари интихобкардааш, аз ҷумла ихтисосҳо ва баллҳои гузариши онҳо нишон дода намешавад.

Агар довталаб дар тақсимоти такрорӣ тибқи комбинатсияи ихтисоси ғайр аз 1-уми интихобкардааш комёб гардида бошад, дар сутуни «Балли гузариш» барои комбинатсияи ихтисоси мувофиқи он комёбгардида ва комбинатсия(ҳо)-и ихтисос(ҳо)-е, ки аз рӯйи он(ҳо) комёб нагардидааст, балли гузариш нишон дода мешавад. Масалан, агар довталаб аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси 4-уми интихобкардааш комёб гардида бошад, дар сутуни «Балли гузариш» барои комбинатсияҳои ихтисосҳои аз 1-ум то 4-уми интихобкардааш балли гузариш нишон дода мешавад. Дар сурати комёб гардидани довталаб мувофиқи яке аз комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардааш маълумот дар бораи комбинатсияи ихтисосҳои бартариашон пасттари довталаб, аз ҷумла ихтисосҳо ва баллҳои гузариши онҳо нишон дода намешавад.

Агар довталаб дар тақсимоти такрорӣ аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш комёб нашуда бошад, дар сутуни «Балли гузариш» балли гузариши ҳамаи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш нишон дода мешавад.

Вобаста ба комёб шудан ё нашудани довталаб дар тақсимоти такрорӣ ба ӯ тавассути паёмак (SMS) маълумоти мухтасар дар шакли яке аз ҷумлаҳои зерин фиристода шуд:

Агар дар бахши «Натиҷаи тақсимот»-и кабинети инфиродии довталаб матни «Шумо аз рӯи интихоби № n гузаштед!» дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сабз аст), пас, довталаб дар озмуни дуюм – тақсимоти такрорӣ ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб гардидааст. Дар ҷадвал комбинатсияи ихтисоси дахлдор, балли гузариши он ва балли бадастовардаи довталаб нишон дода мешаванд.

Довталабон метавонанд барои гирифтани маълумоти муфассал ба сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 19, 2024 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид