«МегаФон Football Day: бозӣ бо ситораҳо»: ҳамаро даъват менамоем!
ДУШАНБЕ, 19.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр сокинони Душанбе иштирокчии ҷашни бошукуҳи варзишӣ – фестивали «МегаФон Football Day: бозӣ бо ситораҳо» мегарданд. МегаФон Тоҷикистон ҳамин тавр рӯзи таъсисёбиашро таҷлил намуда, ба сокинон вохӯрӣ бо бозингарони амалкунанда ва собиқ бозингарони дастаи мунтахаби миллӣ оид ба футбол, ҳунармандон ва ситораҳои Instagram-ро ҳадя мекунад. Даромад ройгон аст. Шарики фестивал — Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Чорабинӣ дар Майдони марказии шаҳри Душанбе соати 16:00 оғоз меёбад. Дар макони мухлисон бозингарони мунтахаби миллӣ- нимҳимоятгарон Амирбек Ҷурабоев, Амадонӣ Камолов ва Эҳсони Панҷшанбе соядаст гузошта, бо мухлисон муошират хоҳанд кард. Сокинони пойтахтро машғулияти омӯзишӣ оид ба футбол ва озмунҳо, баромади ҳунармандон ва мусобиқаҳои оилавӣ интизор ҳастанд.
Бозӣ байни собиқадорони дастаи мунтахаби миллӣ ва ситораҳои шоу-бизнеси Тоҷикистон, ки соати 19:00 оғоз меёбад, рӯйдоди муҳими рӯз хоҳад гашт. Мухлисон дар майдон футболбозони машҳуре, чун Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоевро мебинанд. Рақибони онҳо сарояндаи машҳур ва блогери дорои миллион обуначӣ Барон, ғолиби шоу «Ну-ка все вместе!» Фаррух Ҳасанов, роҳбари Ассотсиатсияи блогерон ва вайнерҳои Тоҷикистон Бахтиёр Маҷидов, вайнер Фаридун Сафаров мебошанд.
Инчунин барнома озмунҳо бо туҳфаҳо аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон», макони аксгирӣ, ки дар он метавон аксҳои зебо гирифта, дарҳол онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойгир кард, макони истироҳат ва фуд-кортро дар бар мегирад. Мусобиқаҳо аз рӯи варзиши кибернетикӣ баргузор мегарданд.
«Таҷлили рӯзи таъсисёбии ширкат бо тантанаҳои бузург дар Душанбе, даъвати муштариёни худ ва дигар сокинони ҷумҳурӣ аллакай ба ҳукми анъана даромадааст. Имсол мо тасмим гирифтем, ки шакли ташкилро дигар кунем: мавзуи фестивал варзиши дӯстдоштаи миллионҳо мегардад. Зеро футбол дар Тоҷикистон – маҳбубияти хос дорад. Моро лаҳзаҳои шадиду ҷолиби футбол, муошират бо бозингарони дӯстдошта ва эҳсосоти рангин интизор ҳастанд. 1 сентябр дар Майдони марказӣ вомехӯрем!» – мегӯяд директори иҷроияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников.
Шарики кулли иттилоотии фестивали «МегаФон Football Day: бозӣ бо ситораҳо» – АМИТ «Ховар».
Шарики расмии иттилоотии фестивал – Pressa.tj.
Шарикони иттилоотии фестивал – ТВ-Тоҷикистон, ТВ-Ҷаҳоннамо, Love Radio TJ.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






