Намояндаи доимии Тоҷикистон бо масъулини шаҳри Женева мулоқот анҷом дод

Август 28, 2024 14:18

ДУШАНБЕ, 28.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария,  намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо масъулини шаҳри Женева мулоқот анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Аз ҷумла, Шараф Шерализода бо Президенти Шурои давлатии Ҷумҳурӣ ва кантони Женева хонум Натали Фонтане, раиси шаҳри Женева хонум Кристина Китсос ва директори генералии Дафтари кантонӣ оид ба иқтисод ва инноватсия Александр Эпал вохӯрӣ  намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориро дар самтҳои сайёҳӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ ва инноватсия, инчунин ҳамкории байниминтақавӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурӣ-кантони Женеваро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 28, 2024 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд