НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 17 донишҷӯи Консерваторияи миллӣ ғолиби озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» гардид
ДУШАНБЕ, 05.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 23 донишҷӯи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» иштирок намуда, 17 нафар ғолиби он гардид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Миралӣ Достизода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ректори Консерватория, «ҳадаф аз баргузории озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбии ҷавонону наврасон, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ мебошад, ки иштироки донишҷӯёни мо дар он назаррас мебошад».
Дар ин давра ансамбли донишҷӯёни шуъбаи созҳои халқии Консерватория дар озмуни байналмилалӣ таҳти унвони «Садои Наврӯз» дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гардид.
Тавре Миралӣ Достизода баён дошт, ин дастовард мояи ифтихори кулли омӯзгорон ва муҳассилини муассиса буда, бори дигар собит месозад, ки ин даргоҳи илму ҳунар дар тарбияи мутахассисони соҳаи мусиқии касбӣ нақши муҳим дорад.
Дар Консерватория 307 донишҷӯ аз рӯйи низоми кредитӣ дар 13 ихтисос таҳсил менамоянд, ки 42 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.
Имсол Консерваторияро 53 донишҷӯ хатм карда, пурра бо ҷойи кор таъмин шуданд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






