НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 4,4 миллиард доллар расонида шуд

Август 6, 2024 15:16

ДУШАНБЕ, 06.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли 2024 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 4,4 миллиард доллар расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 29,3 фоиз ё 1 миллиард доллар зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода хабар дод.

Ба гуфтаи вазир, дар ин давра содироти мол 1 миллиард долларро ташкил намуд, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2023 319,2 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон баён гардид, ки сохтори содиротии мамлакатро асосан металлҳои қиматбаҳо, нахи пахта ва маҳсулот аз он, маъданҳо, алюминийи аввалия ва маҳсулот аз он, либосҳои гуногун ва бофташуда, маҳсулоти кишоварзӣ, неруи барқ, семент ва дигар маҳсулот ташкил намудааст.

Воридоти мол дар ҷумҳурӣ 3,4 миллиард долларро ташкил намуда, нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2023 680,1 миллион доллар зиёд гардидааст. Ба мамлакат бештар маҳсулоти озуқаворӣ барои коркард ва барои истеъмол, маҳсулоти нафтӣ, воситаҳои нақлиёти заминӣ, таҷҳизоти технологӣ, металлҳои сиёҳ, гази моеъ, мошинҳои барқӣ ва таҷҳизот ворид карда мешаванд.

Ҳамзамон Завқӣ Завқизода изҳор дошт, ки бо мақсади пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ бо ташкилоти байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ ва гуфтушунидҳо гузаронида шуда, дар доираи корбарии Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба ҳайси ҳамраиси қисми тоҷикистонии комиссияҳои байниҳукуматӣ ва ташкилоти байналмилалии молиявӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ маблағҳои грантию қарзӣ ҷалб карда шуданд.

Тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2024 ба 9576,8 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 15,7 фоиз зиёд аст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 6, 2024 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад
Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид