НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 4,4 миллиард доллар расонида шуд

Август 6, 2024 15:16

ДУШАНБЕ, 06.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли 2024 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 4,4 миллиард доллар расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 29,3 фоиз ё 1 миллиард доллар зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода хабар дод.

Ба гуфтаи вазир, дар ин давра содироти мол 1 миллиард долларро ташкил намуд, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2023 319,2 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон баён гардид, ки сохтори содиротии мамлакатро асосан металлҳои қиматбаҳо, нахи пахта ва маҳсулот аз он, маъданҳо, алюминийи аввалия ва маҳсулот аз он, либосҳои гуногун ва бофташуда, маҳсулоти кишоварзӣ, неруи барқ, семент ва дигар маҳсулот ташкил намудааст.

Воридоти мол дар ҷумҳурӣ 3,4 миллиард долларро ташкил намуда, нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2023 680,1 миллион доллар зиёд гардидааст. Ба мамлакат бештар маҳсулоти озуқаворӣ барои коркард ва барои истеъмол, маҳсулоти нафтӣ, воситаҳои нақлиёти заминӣ, таҷҳизоти технологӣ, металлҳои сиёҳ, гази моеъ, мошинҳои барқӣ ва таҷҳизот ворид карда мешаванд.

Ҳамзамон Завқӣ Завқизода изҳор дошт, ки бо мақсади пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ бо ташкилоти байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ ва гуфтушунидҳо гузаронида шуда, дар доираи корбарии Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба ҳайси ҳамраиси қисми тоҷикистонии комиссияҳои байниҳукуматӣ ва ташкилоти байналмилалии молиявӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ маблағҳои грантию қарзӣ ҷалб карда шуданд.

Тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2024 ба 9576,8 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 15,7 фоиз зиёд аст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 6, 2024 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ҳамчун «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» эътироф гардид
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
«Centrum Air» парвозҳои мустақимро дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд ва Самарқанд-Душанбе-Самарқанд оғоз менамояд
Тоҷикистон ва Қирғизистон теъдоди парвозҳои мунтазам ва хатсайри автобусҳоро афзоиш медиҳанд
Тибқи Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис дода мешавад
Байни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Қирғизистон Шурои корӣ таъсис дода мешавад
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология Созишнома ба имзо расониданд
Олимони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар Нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар мавсими имсола IRS 100 километр роҳро таъмири ҷорӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён дорад