НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз вилояти Хатлон дар шаш моҳ беш аз 200 ҳазор тонна маҳсулоти саноатӣ содирот гардидааст

Август 9, 2024 15:44

ДУШАНБЕ, 09.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи имсол аз вилояти Хатлон ба хориҷи мамлакат 209 ҳазор тонна маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 115,3 миллион доллари амрикоӣ содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2023 бо маблағи 39,5 миллион доллар зиёд мебошад. Дар ин хусус 9 август Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Аз ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 30,8 ҳазор тонна нахи пахта ба маблағи 56,2 миллион доллар, 5104 тонна калобаи ресандагӣ ба маблағи 12,9 миллион доллар ва 163,2 ҳазор тонна семент ба маблағи 8,3 миллион доллар содирот шудааст. Инчунин аз ҳудуди вилоят 626 тонна нуриҳои минералии истеҳсоли корхонаи ватании «Азот» ба маблағи 170 ҳазор доллари амрикоӣ содирот шудааст.

Содироти маҳсулоти кишоварзии вилоят ба хориҷи мамлакат дар маҷмуъ 27 086 тоннаро ташкил дод. Қисми зиёди маҳсулоти кишоварзӣ асосан ба давлатҳои Покистон, Афғонистон, Қазоқистон, Русия, Узбекистон ва Беларус содирот шудааст. Дар шашмоҳаи аввали имсол содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм  7290 тонна ё 47 фоиз зиёд шудааст.

Зимни нишаст Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид гуфт, ки гардиши савдои хориҷӣ дар нимаи якуми соли 2024 ба 225 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид, ки аз он ҳаҷми содирот 118 миллион доллар ё 52,3 фоизро ташкил дод. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  40 миллион доллар ё 51,1 фоиз зиёд мебошад.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Август 9, 2024 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд