НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз вилояти Хатлон дар шаш моҳ беш аз 200 ҳазор тонна маҳсулоти саноатӣ содирот гардидааст
ДУШАНБЕ, 09.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи имсол аз вилояти Хатлон ба хориҷи мамлакат 209 ҳазор тонна маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 115,3 миллион доллари амрикоӣ содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2023 бо маблағи 39,5 миллион доллар зиёд мебошад. Дар ин хусус 9 август Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Аз ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 30,8 ҳазор тонна нахи пахта ба маблағи 56,2 миллион доллар, 5104 тонна калобаи ресандагӣ ба маблағи 12,9 миллион доллар ва 163,2 ҳазор тонна семент ба маблағи 8,3 миллион доллар содирот шудааст. Инчунин аз ҳудуди вилоят 626 тонна нуриҳои минералии истеҳсоли корхонаи ватании «Азот» ба маблағи 170 ҳазор доллари амрикоӣ содирот шудааст.
Содироти маҳсулоти кишоварзии вилоят ба хориҷи мамлакат дар маҷмуъ 27 086 тоннаро ташкил дод. Қисми зиёди маҳсулоти кишоварзӣ асосан ба давлатҳои Покистон, Афғонистон, Қазоқистон, Русия, Узбекистон ва Беларус содирот шудааст. Дар шашмоҳаи аввали имсол содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 7290 тонна ё 47 фоиз зиёд шудааст.
Зимни нишаст Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид гуфт, ки гардиши савдои хориҷӣ дар нимаи якуми соли 2024 ба 225 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид, ки аз он ҳаҷми содирот 118 миллион доллар ё 52,3 фоизро ташкил дод. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 40 миллион доллар ё 51,1 фоиз зиёд мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 131 ҳазор тонна сабзӣ ҷамъоварӣ карданд
Тоҷикистон ва Фонди Қатар оид ба рушд масъалаи густариши ҳамкориро баррасӣ карданд
Дар шаҳри Вашингтон Бизнес-Конфронси кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 баргузор гардид
Дар соҳили дарёҳои шаҳри Ваҳдат корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар Суғд шумораи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ афзоиш ёфта, инфрасохтори соҳа тақвият меёбад
Дар Вашингтон имкони роҳандозии парвозҳои мустақим байни Тоҷикистон ва ИМА баррасӣ гардид
Дар шаҳри Вашингтон мизи мудаввари сатҳи баланди соҳибкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид
Дар шаҳри Даҳва ҷалби маблағгузории Қатарӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон баррасӣ шуд
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифтанд
Кишоварзони вилояти Хатлон нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро пурра иҷро намуданд
Шурои машваратии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардид
Ҳаҷми маблағгузории иқлимӣ барои кишварҳои дар ҳоли рушд ҷиҳати татбиқи 22 лоиҳа тасдиқ гардид






