НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба Тоҷикистон 1,95 миллиард доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст

Август 6, 2024 17:30

ДУШАНБЕ, 06.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиши воридоти сармояи хориҷӣ ба мамлакат дар соли 2024 иттилоъ медиҳад. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода 6 август дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки то моҳи июли имсол ба мамлакат дар ҳаҷми 1,95 миллиард доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 45,9 фоиз зиёд мебошад. Воридоти сармояи мустақими хориҷӣ дар ин давра 153,9 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, ба 112,6 фоиз баробар шудааст.

Дар ин давра барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ кор бурда шуда, 3 созишномаи нави сармоягузорӣ ба маблағи умумии 2 миллиарду 16 миллион доллари амрикоӣ барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ба имзо расонида шуд. Инчунин барои ба имзо расонидани боз 6 созишномаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 345 миллион доллари амрикоӣ корбарӣ идома дорад.

Бо мақсади заминагузорӣ ва густариши ҳамкории сармоягузорӣ имсол созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расонида шуданд.

Ҳамзамон бо мақсади муаррифии имконияти сармоягузории Тоҷикистон бо давлатҳои Қатар, Италия, Узбекистон, Туркия, Озарбойҷон, Чин, Амрико ва Арабистони Саудӣ форуму ҳамоишҳо баргузор шуданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 6, 2024 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид