НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бонкҳои Тоҷикистон ба муштариён беш аз 10 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод намуданд

Август 7, 2024 12:10

ДУШАНБЕ, 07.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол бонкҳо ва ташкилоти қарзии Тоҷикистон ба маблағи 10,6 миллиард сомонӣ ба муштариён қарз пешниҳод намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 1,3 миллиард сомонӣ ё 14,5 фоиз зиёд мебошад.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда ба соҳаҳои истеъмолот- 46,3 фоиз, кишоварзӣ ва савдои хориҷӣ мутаносибан- 14,3-фоизӣ, саноат- 11,9 фоиз, хизматрасонӣ- 7,1 фоиз, сохтмон- 3,5 фоиз ва дигар соҳаҳо- 2,6 фоиз рост меояд.

Аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда 32,0 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ рост омада, маблағи 3,4 миллиард сомониро ташкил додааст. Инчунин имсол ба муштариён ба маблағи 7,9 миллиард сомонӣ қарзҳои хурд дода шуданд, ки нисбат ба соли 2023 24,0 фоиз зиёд мебошад. Фоизи миёнавазни қарзҳо дар моҳҳои январ-июни имсол бо пули миллӣ 23,1 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,9 фоизро ташкил медиҳад.

Маблағгузории қарзӣ яке аз воситаҳои асосии таъмини рушди устувори иқтисодиёт, вусъат додани истеҳсолоти ватанӣ, устувор намудани иқтидори содиротӣ ва ташкили ҷойҳои нави кор ба шумор меравад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 7, 2024 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид