НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро дар шаҳри Норак талафоти неруи барқ зиёд аст?

Август 7, 2024 09:52

НОРАК, 07.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар сохтори Шабакаҳои барқи шаҳри Норак соли 2023 талафоти неруи барқ 38 фоиз сабт гардид. Мутаассифона, дар шаҳре, ки қувваи барқ истеҳсол мегардаду сокинону корхонаҳои саноатии шаҳри Норак аз наздиктарин масофа қувваи барқро истифода менамоянд, талафоти неруи барқ аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони минтақаи Рашт ҳам зиёдтар мебошад.

Зимни нишасти матбуотӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз масъулини Шабакаҳои барқи шаҳри Норак сабабҳои ин мушкилӣ ва зиёд гардидани талафоти неруи барқро пурсон шуд. Сардори Шабакаҳои барқи шаҳри Норак Ҷамолиддин Комилзода гуфт, ки «дар шаш моҳи имсол талафоти барқ ба 33 фоиз расонида шудааст. Дар ин муддат 138 нафар барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷарима шуда, 70 фоизи маблағҳои ҷарима баргардонида шуд».

Вале Ҷамолиддин Комилзода доир ба омилҳои сар задани талафоти неруи барқ ва ҷаримаҳо барои дуздии неруи барқ аз ҳисоби корхонаҳои саноатии шаҳри Норак посухи қонеъкунанда надод.

Раиси шаҳри Норак Фирӯза Шарифӣ дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки корхонаҳои саноатии шаҳри Норак дар шаш моҳи аввали имсол ба маблағи 889,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 1 миллиону 551 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра аз 21 корхонаи саноатии шаҳр 12 адади он суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба ҳисоби миёна нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 74 фоиз зиёдтар таъмин намуданд.

Дар айни замон сохтмони коргоҳи истеҳсоли равған дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ЗТМ» ва коргоҳи истеҳсоли меваҳои хушк идома дошта, соли 2024 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 7, 2024 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад