НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд хизматрасонӣ ба мусофирон беҳтар гардидааст
ДУШАНБЕ, 07.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали имсол дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ду нақлиёти муосири сӯхторнишонӣ харидорӣ гардид. Ин нақлиёт истеҳсоли Чин буда, ҳар кадоме имкони захираи 22 тонна об, 4 тонна моеи кафккунанда дорад ва бо таҷҳизоти муосири оташнишонӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Нақлиёти харидашуда дар мамлакат беҳамто аст.
Ин матлабро 5 август зимни нишасти матбуотӣ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» директори генералӣ Қурбони Алимардон ба намояндагони воситаҳои ахбори омма баён дошт.
Зимни нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма бо иншооти бунёдшаванда, парки мошинҳо, мумфарши нави майдони нишасту парвози тайёраҳо ва сатҳи хизматрасонӣ дар фурудгоҳ шинос шуданд.
Рӯзноманигорон бо бинои бокси мошинҳо, ки аз се ошёна иборат буда, сохтмони он дар марҳилаи анҷомёбӣ аст, шинос шуданд. Бино барои нигоҳдории мошинҳои сӯхторнишонӣ ва утоқҳои корӣ барои кормандон сохта мешавад.
Таъкид гардид, ки Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба шаш ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла ба як ширкати ватанӣ ва панҷ ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ хизмат мерасонад.
АКС: Маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд








Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд






