НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд хизматрасонӣ ба мусофирон беҳтар гардидааст

Август 7, 2024 15:12

ДУШАНБЕ, 07.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали имсол дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ду нақлиёти муосири сӯхторнишонӣ харидорӣ гардид. Ин нақлиёт истеҳсоли Чин буда, ҳар кадоме имкони захираи 22 тонна об, 4 тонна моеи кафккунанда дорад ва бо таҷҳизоти муосири оташнишонӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Нақлиёти харидашуда дар мамлакат беҳамто аст.

Ин матлабро 5 август зимни нишасти матбуотӣ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» директори генералӣ Қурбони Алимардон ба намояндагони воситаҳои ахбори омма  баён дошт.

Зимни нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма бо иншооти бунёдшаванда, парки мошинҳо, мумфарши нави майдони нишасту парвози тайёраҳо ва сатҳи хизматрасонӣ дар  фурудгоҳ шинос шуданд.

Рӯзноманигорон бо бинои бокси мошинҳо, ки аз се ошёна иборат буда, сохтмони он дар марҳилаи анҷомёбӣ аст, шинос шуданд. Бино барои нигоҳдории мошинҳои  сӯхторнишонӣ ва утоқҳои корӣ барои кормандон сохта мешавад.

Таъкид гардид, ки Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба шаш ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла ба як ширкати ватанӣ ва панҷ ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ хизмат мерасонад.

АКС: Маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Август 7, 2024 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд