НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳ 1267 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ошкор шуд
ДУШАНБЕ, 09.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли 2024 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1621 муроҷиати шахсони воқеиву ҳуқуқиро баррасӣ намуда, талаботи 414 арзкунанда қонеъ ва нисбат ба 1122 муроҷиат қарорҳои дахлдори қонунӣ қабул карда шуданд. 85 муроҷиат бо сабаби беном будан баррасӣ нашуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Сулаймон Султонзода иттилоъ дод.
Вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шашмоҳаи якуми соли 2024 гуфта шуд, ки мутахассисони Агентӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 258 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии 251,1 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуданд. Тавассути тадбирҳои андешида аз маблағҳои ошкоршудаи зарар 240,5 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шуд, ки 147,2 миллион сомонии он бевосита ба суратҳисобҳои буҷетӣ ва 93,3 миллион сомонӣ бо роҳи ҳисоббаробаркунӣ ва даромад кардани молу мулк мебошад.
Воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 1267 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ва дигар ҷиноятҳои ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобастаро нисбат ба 694 нафар ошкор намуда, тафтиши пешакии 381 парвандаи ҷиноятиро нисбат ба 460 нафар ба анҷом расонида, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба судҳо ирсол намуданд.
Кормандони Агентӣ барои тарғибу ташвиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ 825 вохӯрӣ гузаронида, дар ин раванд тавассути воситаҳои ахбори омма 57 маротиба баромад карда, 6 конфронс ва 38 мизи мудаввар, семинар ва нишастҳои матбуотӣ доир намуданд.
Аз натиҷаи санҷишҳо, таҳқиқ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ баҳри бартараф намудани сабабу омилҳои коррупсионӣ ва шароити ба онҳо мусоидаткунанда ба вазорату идораҳо 1772 пешниҳод ва 734 дастури хаттӣ ирсол гардида, бо баррасии онҳо нисбат ба 303 нафар ҷазои интизомӣ татбиқ шуда, 106 нафар аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шуданд.
Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






