НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 21 ҳазор нафар табиб фаъолият мекунад
ДУШАНБЕ, 05.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. То 1 июли имсол дар муассисаҳои тандурустии мамлакат 21 616 табиб ва 62 485 корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 2,1 ва 1,8 фоиз зиёд мебошад. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода баён дошт.
Тибқи омори пешакӣ, банд будани воҳидҳои кории табибон 91,4 ва кормандони миёнаи тиббӣ 99 фоизро ташкил дода, нисбат ба як соли пеш тахминан 3,5 ва 1,4 фисад зиёд мебошад.
Дар шаш моҳи имсол 1167 нафар табиб ва 2347 нафар корманди миёнаи тиббӣ ба аттестатсия фаро гирифта шуд. Инчунин теъдоди ба ҷои кор ҳозиршудагони соли таҳсили 2020 – 2021 — и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино беш аз 90 фоизро ташкил медиҳад.
Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар ҷумҳурӣ 37 коллеҷи тиббӣ, аз ҷумла 16 коллеҷи тиббии давлатӣ ва 21 коллеҷи тиббии ғайридавлатӣ фаъолият доранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






