НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро 67 нафар бо дипломи аъло хатм намуд
ДУШАНБЕ, 01.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон имсол аз аккредитатсияи институтсионалии байналмилалӣ гузашта, соҳиби сертификати махсус барои 5 соли оянда гардид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода иброз дошт.
Аккредитатсия аз ҷониби Агентии мустақил оид ба таъмини сифати таҳсилот (IQAA), ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҷойгир аст, гузаронида шуда, стандартҳои аккредитатсияи IQAA мутобиқи «Стандартҳо ва дастурамал оид ба кафолати сифат дар минтақаи Аврупоии таҳсилоти олӣ (ESG)» таҳия шудаанд.
Ректори донишгоҳ афзуд, ки масъалаи беҳтар гардонидани раванди таълим, фароҳамоварии шароити мусоиди таълимӣ, истифода аз лабораторияҳои тахассусӣ, кабинетҳои лингофонӣ ва синфхонаҳои компютерӣ мавриди назари доимии раёсати донишгоҳ қарор дошта, дар ин самт корҳои назаррас анҷом ёфтаанд. Дар донишгоҳ 6 факултет, 17 кафедраи тахассусӣ ва 8 кафедраи умумидонишгоҳӣ фаъолият намуда, аз рӯйи самтҳои гуногун мутахассисони соҳаи молия, иқтисод, технологияҳои инноватсионию коммуникатсионӣ ва ҳуқуқи иқтисодиро омода менамояд.
«Таъминоти кадрии раванди таълим аз ҷумлаи масоили марказии такмили сифати таълим ба ҳисоб рафта, дар айни замон дар донишгоҳ 20 доктори илм, 139 номзади илм, 197 муаллими калон ва ассистентон, дар маҷмуъ 356 нафар устодон ба фаъолияти таълимӣ ҷалб шудаанд. Имсол 67 донишҷӯ донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуд»,-гуфт ректор.
Баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тайёр намудани мутахассисони ба бозори меҳнат ҷавобгӯ ва бо мақсади дар сатҳи зарурӣ гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯён дар даври ҳисоботӣ шартномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни донишгоҳ ва 20 вазорату муассисаҳои бонкӣ, молиявӣ, корхонаву идораҳои давлатӣ ва ташкилоти хусусӣ ба имзо расонида шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ теъдоди умумии хатмкунандагон аз рӯи ҳамаи ихтисосҳо 2083 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 1025 нафар шуъбаи рӯзона, 1058 нафар таҳсили фосилавӣ ва маълумоти олии дуюми донишгоҳро хатм намуда, ҳамасола аз 47,2 фоиз то 53,2 фоизи онҳо ба ҷойи кор таъмин мешаванд.
Инчунин дар доираи Барномаи мубодилаи донишҷӯён дар шашмоҳаи дуюми соли таҳсили 2023-2024 9 донишҷӯ барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Петрозаводск, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ва Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷалб шуд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






