НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро 67 нафар бо дипломи аъло хатм намуд

Август 1, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 01.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон имсол аз аккредитатсияи институтсионалии байналмилалӣ гузашта, соҳиби сертификати махсус барои 5 соли оянда гардид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода иброз дошт.

Аккредитатсия аз ҷониби Агентии мустақил оид ба таъмини сифати таҳсилот (IQAA), ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҷойгир аст, гузаронида шуда, стандартҳои аккредитатсияи IQAA мутобиқи «Стандартҳо ва дастурамал оид ба кафолати сифат дар минтақаи Аврупоии таҳсилоти олӣ (ESG)» таҳия шудаанд.

Ректори донишгоҳ афзуд, ки масъалаи беҳтар гардонидани раванди таълим, фароҳамоварии шароити мусоиди таълимӣ, истифода аз лабораторияҳои тахассусӣ, кабинетҳои лингофонӣ ва синфхонаҳои компютерӣ мавриди назари доимии раёсати донишгоҳ қарор дошта, дар ин самт корҳои назаррас анҷом ёфтаанд. Дар донишгоҳ 6 факултет, 17 кафедраи тахассусӣ ва 8 кафедраи умумидонишгоҳӣ фаъолият намуда, аз рӯйи самтҳои гуногун мутахассисони соҳаи молия, иқтисод, технологияҳои инноватсионию коммуникатсионӣ ва ҳуқуқи иқтисодиро омода менамояд.

«Таъминоти кадрии раванди таълим аз ҷумлаи масоили марказии такмили сифати таълим ба ҳисоб рафта, дар айни замон дар донишгоҳ 20 доктори илм, 139 номзади илм, 197 муаллими калон ва ассистентон, дар маҷмуъ 356 нафар устодон ба фаъолияти таълимӣ ҷалб шудаанд. Имсол 67 донишҷӯ донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуд»,-гуфт ректор.

Баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тайёр намудани мутахассисони ба бозори меҳнат ҷавобгӯ ва бо мақсади дар сатҳи зарурӣ гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯён дар даври ҳисоботӣ шартномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни донишгоҳ ва 20 вазорату муассисаҳои бонкӣ, молиявӣ, корхонаву идораҳои давлатӣ ва ташкилоти хусусӣ ба имзо расонида шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ теъдоди умумии хатмкунандагон аз рӯи ҳамаи ихтисосҳо 2083 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 1025  нафар шуъбаи рӯзона, 1058 нафар таҳсили фосилавӣ ва маълумоти олии дуюми донишгоҳро хатм намуда, ҳамасола аз 47,2 фоиз то 53,2 фоизи онҳо ба ҷойи кор таъмин мешаванд.

Инчунин дар доираи Барномаи мубодилаи донишҷӯён дар шашмоҳаи дуюми соли таҳсили 2023-2024  9 донишҷӯ барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Петрозаводск, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ва Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷалб шуд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 1, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд