НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи ҳисоб зиёда аз 182 миллион сомонӣ маблағи қоидавайронкунии молиявиро барқарор намуд

Август 7, 2024 11:50

ДУШАНБЕ, 07.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон 182 миллиону 500 ҳазор сомонӣ маблағи қоидавайронкунии молиявӣ барқарор карда шуд. Дар ин хусус имрӯз Раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Бо мақсади таъмини арзёбии саривақтию сифатноки даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ ва истифодаи самараноку мақсадноки воситаҳои давлатӣ дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ аз ҷониби аудиторони Палатаи ҳисоб 67 чорабинии аудиторӣ гузаронида шуда, қоидавайронкунии молиявӣ ба маблағи 183 миллиону  900  ҳазор сомонӣ муайян гардид. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  87 миллиону 100 ҳазор  сомонӣ зиёд мебошад.

Оид ба бартараф намудани камбудию норасоиҳои муайянгардида тадбирҳои мушаххас андешида шуда, қоидавайронкунии молиявӣ ба маблағи 182,5 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 114,1 миллион сомонӣ, ба корхонаҳо 44,4 миллион сомонӣ ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 24 миллион сомонӣ барқарор шуд, ки 99,2 фоизро ташкил медиҳад.

Барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ ба вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо ва марказҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ 14 хулоса ва мактубҳои ахборӣ бо 508 тавсияи судманд ирсол шуда, аз баррасии онҳо 22 қарору фармон қабул гардид.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 7, 2024 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд