НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ширкату корхонаҳои ватанӣ дар 14 намоишгоҳи байналмилалии 8 давлати ҷаҳон иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 03.08.2024 /АМИТ Ховар/. Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, сафоратхонаҳои ҷумҳурӣ дар давлатҳои хориҷӣ ва шарикони рушд дар ташкил ва таъмини иштироки ширкату корхонаҳои ватанӣ дар 14 намоишгоҳи байналмилалӣ мусоидат намуд. Дар ин хусус 2 август зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дода шуд.
Ширкату корхонаҳои ватанӣ дар 8 давлати дунё, аз ҷумла дар Узбекистон, Эрон, Федератсияи Русия, Туркия, Чин, Олмон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Қатар молу маҳсулоташонро ба тамошо гузоштанд.
Дар давраи ҳисоботӣ Палата дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо 39 бизнес-форум ва бизнес-миссияҳои доираҳои соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ташкил намуд, ки дар доираи он дар умум зиёда аз 150 санади ҳамкории нав байни корхонаҳои ватаниву хориҷӣ ба имзо расонида шуд.
Аз санадҳои баимзорасида зиёда аз 90-тои онҳоро Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар бар гирифта, 20 санад вобаста ба содироти молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷаи дуру наздик ва 40 санади дигар оид ба хариди молу маҳсулот, таҷҳизот аз кишварҳои хориҷӣ барои ворид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар давлатҳои хориҷаи дуру наздик намояндагиҳои Палата ба 15 адад расонида шуд, ки он ба рушди робитаҳои мутақобилаи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни ин давлатҳо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки ба ҳолати 1 июли соли 2024 ба узвияти Палата корхонаю ташкилоти нав ҷалб шуда, шумораи умумии аъзои Палата ба 1007 адад расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 102 адад зиёд мебошад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид






