«Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд
ДУШАНБЕ, 27.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 24 август дар Ҷумҳурии Қирғизистон Озмуни байналмилалии «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» баргузор гардид, ки дар он дастаи нозирони навраси Тоҷикистон ҷойи сеюмро сазовор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар озмун намояндагони 6 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Беларус иштирок намуданд.
Дар озмуни байналмилалӣ дастаи «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзомуродзода иштирок намуд.
Озмун дар сатҳи баланд баргузор шуда, мақсади он аз инкишоф додани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, гирифтани пеши роҳи садама ва фалокатҳои роҳу нақлиёт, фаҳмонидани оқибати онҳо ба кӯдакону наврасон ва ҷалби таваҷҷуҳи ташкилоту идораҳои марбута ба ин масъала иборат буд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






